Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъруф Орипов-раиси ширкати "Орима" афв шудааст


Маъруф Орипов (акс аз бойгонӣ, 13 марти 2008)
Маъруф Орипов (акс аз бойгонӣ, 13 марти 2008)
Баҳром Сафаров-намояндаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, Маъруф Орифов-раиси ширкати “Орима”, ки ду соли ахир дар маҳбаси сукунатӣ ё "колония поселение" ба сар мебурд, тибқи Қонуни афви соли гузашта озод шудааст.

Ҷаноби Сафаров афзуд, Маъруф Орифов шартан дар озодӣ буд ва дар моҳ чор маротиба харҷи барқу оби маҳбасро мепардохту дигар дар озодӣ буд. Вақте Қонуни афв ба имзо расид, ҳамаи маҳбусоне, ки дар маҳбасҳои сукунатӣ буданд, озод шуданд.

Маъруф Орифов моҳи апрели соли 2008 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон барои сарпечӣ аз пардохти андоз, фурӯши маҳсулоти мӯҳлати истифодаашон сипаришуда ва додани ришва ба маблағи 10 ҳазор доллар ба як корманди Кумитаи амният ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум шуд. Бино ба қарори додгоҳ, амволи ӯ низ бар фоидаи давлат мусодира гардид.
XS
SM
MD
LG