Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи аҳолии шаҳрнишин дар Чин бештар шуд


Бори аввал дар Чин шумораи шаҳрнишинон аз деҳнишинон бештар шудааст. Дар ин бора Дафтари миллии омори Чин хабар додааст. Тибқи ин омор 51,27 дарсади аҳолии ин кишвар дар шаҳрҳо ба сар мебаранд. Ҳоло Чин дорои 1 миллиарду 340 миллион нафар аҳолӣ мебошад. Сабаби боло рафтани шумораи аҳолӣ дар шаҳрҳо ин будааст, ки солҳои ахир деҳнишинон ба шаҳрҳо кӯч мебанданд.
XS
SM
MD
LG