Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико аз Корея хост воридоти нафти Эронро коҳиш диҳад


Роберт Эйнҳорн

Роберт Эйнҳорн

Роберт Эйнҳорн-як мақоми баландпояи Амрико аз Кореяи Ҷанубӣ хост, ки воридоти нафти хомро аз Эрон коҳиш диҳад ва бад-ин тариқ фишор ба Эрон барои барномаҳои ҳастаиаш афзоиш ёбад. Роберт Эйнҳорн гуфт:

“Мо аз ҳамаи ҷонибҳои ҳамкори худ хостаем, ин масъаларо баррасӣ кунанд, ки барои коҳиши воридоти нефти хоми Эрон чӣ кор карда метавонанд ва ҳамчунин тадриҷан ҳамкориҳои худро бо бонки марказии Эрон маҳдуд созанд”.

Оқои Эйнҳорн ин нуктаро дар ҷараёни боздидаш аз Сеул-пойтахти Кореяи Ҷанубӣ изҳор дошт. Вай ба хабарнигорон гуфт, Амрико монофеи кишварҳои муттаҳиди худро бо Эрон хуб дарк мекунад. Вале ҷаҳон бояд ба Эрон фишор орад, то ба масъалаҳои музокироти ҳастаӣ бархӯрди ҷиддӣ нишон диҳад. Амрико нигарон аст, ки барномаҳои ҳастаии Эрон ҳадафҳои эҷоди аслиҳаи ҳастаиро дунбол мекунаднд.
XS
SM
MD
LG