Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон обистани боз як таҳаввулоти дигар


Бинои порлумони Покистон дар шаҳри Исломобод

Бинои порлумони Покистон дар шаҳри Исломобод

Ҳукумати Покистон ба як чолиши нав рӯбарӯ гардид, ки он метавонад заминаро барои суқути ҳукумат фароҳам созад.

Додгоҳи олии Покистон сарвазир Юсуф Ризо Гелониро дар иҷро накардани қарораш айбдор карда, ӯро рӯзи панҷшанбе ба додгоҳ хостааст, ки далели сарпечиаш аз иҷрои ин қарорро тавзеҳ диҳад.

Додгоҳи олӣ мехост, таҳқиқи парвандаи аз солҳои 90 бозмондаи фасод алайҳи раисиҷумҳури феълии Покистон Осифалӣ Зардориро аз сар бигиранд. Вале ҳукумат инро радд карда гуфт, Зардорӣ ба ҳайси раҳбари кишвар масуният дорад.

Бинои Додгоҳи Олии Покистон дар шаҳри Исломобод

Бинои Додгоҳи Олии Покистон дар шаҳри Исломобод

Агар додгоҳ Гелониро маҳкум кунад, ин заминаи рафтани ӯ аз мақомро низ ҳамвор хоҳад кард. Ӯ дирӯз дар парлумони Покистон гуфт: «Мо ҳамеша ба додгоҳҳо эҳтиром доштем. Додгоҳ маро даъват кардааст ва ман, ки ба додгоҳ эҳтиром дорам, рӯзи 19-уми январ, иншоаллоҳ, онҷо ҳозир хоҳам шуд.»

Даъвати Гелонӣ ба додгоҳ дар ҳолест, ки таниш байни ҳукумати мулкӣ ва низомиёни пурнуфузи покистонӣ шиддат мегирад. Ин таниш паёмади моҷароест, ки бар сари як нома бо дархости кӯмаки Амрико дар амри коҳиш додани нуфузи генералҳои Покистон бархоста буд. Асли моҷаро ин аст, ки дар моҳи май, дар пайи амалиёти қатли раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден, ки бидуни иҷозат ва ҳатто дар ҷараён гузоштани мақомоти Покистон анҷом шуд, сафири Покистон дар Вошингтон Ҳусейн Ҳаққонӣ гӯё тавассути тоҷири покистонитабор Мансур Эъҷоз аз Амрико барои хунсо кардани кудатои эҳтимолии низомиҳо ёрӣ хоста бошад.

Додгоҳи олӣ рӯзи 30 декабр барои таҳқиқи қазия як куммиссиюн ташкил дод. Гелонӣ ба дунбол аз фармондеҳи артиш генерал Ашфақ Каёнӣ ва раҳбари ISI- идораи ҷосусии Покистон – генерал Аҳмад Шуҷоъ Пошо шадидан интиқод кард, ки бидуни машварат бо кобинаи ӯ худсарона ва мустақиман ба додгоҳ муроҷиат кардаанд. Ӯ як муовини вазири дифоъро ба далели “рафтори бад” аз мақом ҳатто барканор кард.

Аммо рӯзи 16-уми январ додситони кулл Мавлавӣ Анварулҳақ гуфт, ин куммиссиюн далели шайъии асосӣ – паёмҳои тавассути “Blackberry” ирсолшуда байни Ҳаққонӣ ва Эъҷозро ба даст оварда натавонист. Эъҷоз, ки моҷароро баъди чанде худ аз тариқи "Financial Times" расонаӣ кард, мегӯяд, ӯ фақат нақши миёнҷиро иҷро мекард. Аммо Ҳаққонӣ ин ҳамаро бофтаи хаёли худи Мансур Эъҷоз мехонад.

Дар ҳар сурат, моҷаро боиси истеъфои Ҳаққонӣ шуд. Аммо дар матбуоти Покистон мегӯянд, ки қазия танҳо бо хӯрдани сари як сафир тамом нахоҳад шуд, балки ояндаи сиёсии президент Зардорӣ ва раиси кобинааш Гелониро низ зери суол мебарад. Ин аст, ки ҳар дафъа, ба муҷарради ба сафари хориҷӣ рафтани Зардорӣ ҳадсу гумонҳое рӯ Ҳусейн Ҳаққонӣ, сафири пешини Покистон дар Амрико

Ҳусейн Ҳаққонӣ, сафири пешини Покистон дар Амрико

мезананд, ки ӯ ғолибан таҳти фишори генералҳо ва батамом аз кишвар рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, раҳбари собиқи Покистон генерал Парвиз Мушарраф, ки баъди тарки мақом дар тобистони соли 2008 дар Бритониё, дар ғурбат ба сар мебарад, чанд моҳ пеш аз таъсиси ҳизби нави сиёсӣ хабар дод ва акнун эълон кардааст, ки шояд ба зудӣ ба Покистон баргардад. Паёме, ки ҳокимони кунунии Покистонро ҳатман хуш нахоҳад омад.

Покистон дар 64-соли таърихаш чандин дафъа шоҳиди бо дасти генералҳо сарнагун шудани ҳукуматҳои мулкӣ шудааст, ки охирин мавридаш кудатои бехуни Парвиз Мушарраф дар соли 1999 буд. Яъне ҳамеша кишваре буд, Парвиз Ашфақ Каёнӣ, раҳбари артиш ва Аҳмад Шуҷоъ Пошо, раиси ISI

Парвиз Ашфақ Каёнӣ, раҳбари артиш ва Аҳмад Шуҷоъ Пошо, раиси ISI

ки худро гоҳ ба соҳили демократия мезад ва боз паноҳ ба зери чатри низомиҳо меовард.

Аммо ин бор моҷарои ҳокимони мулкӣ бо генералҳо то куҷо метавонад боиси дигарбора аз масири демократӣ канор рафтани Покистон шавад ва табари истеъфоро болои сари сарвазир Юсуфризо Гелонӣ ва раисиҷумҳур Осифалӣ Зардорӣ баланд кунад? Гуфтугӯе доштем дар ин бора бо Нур Аҳмади Ҷумъа, устоди Донишгоҳи Байнулмилалии Исломобод:


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG