Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари футболбозони ҷавони тоҷик ба Санкт-Петербург


Лаҳзаи тамрин

Лаҳзаи тамрин

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон субҳи 17-уми январ ба шаҳри Санкт-Петербург парвоз кард.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 19-ум то 29-уми январ дар маҷмааҳои варзишии Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, ба ҳайати даста 25 нафар шомиланд, ки 20 нафари онҳо футболбозони синнашон то 21-сола аз 7 бошгоҳи футболи лигаи олии кишвар мебошанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо – Фаррух Бердиев (“Парвоз”, Бобоҷон Ғафуров), Саидҷон Саидраҳмонов (“Равшан”, Кӯлоб).

Ҳимоятгарон – Эраҷ Раҷабов (“Истиқлол”, Душанбе), Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов, (ҳарду - “Вахш”, Қӯрғонтеппа), Идибек Ҳабибуллоев (“Хайр”, Ваҳдат).

Нимҳимоятгарон - Самад Шоҳзуҳуров, Абдусамад Ҳоҷибоев, Аҳтам Назаров (ҳарсе - “Энергетик”), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Фирӯз Бобиев (ҳарсе - “Истиқлол”), Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарифов, Бахтиёр Қаландаров, Комрони Мирзохон (ҳарчор - “Вахш”), Расул Файзов (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода).

Ҳамлагарон - Давронҷон Тухтасунов (“Регар-ТадАЗ”), Шодибек Ғаффоров (“Энергетик”), Наврӯз Рустамов (“Равшан”).

Сармураббӣ – Салоҳиддин Ғафуров, ёвари сармураббӣ – Мубин Эргашев, маъмур – Меҳроҷиддин Холов, духтур – Абдусаттор Қаландаров. Узви ҳайати варзишӣ - Исроил Шарифов, узви кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар Ҷоми Иттиҳод-2012 барои бори аввал дастаҳои мунтахаби ҷавонони 11 кишвари Ҷомеаи Маштаракулманофеъ, инчунин, тими мунтахаби ҷавонони Эрон ширкат меварзанд.

Бар асоси қуръакашӣ футболбозони ҷавони тоҷик дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус, Литва ва Эрон рақобат хоҳанд кард.

Бар асоси тақвими бозиҳо мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 20-уми январ бо тими Литва, 21-уми январ бо дастаи Беларус ва 23-юми январ бо тими Эрон рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Русия, Қазоқистон, Эстония, Туркманистон ва ба гурӯҳи “B” тимҳои Украина, Молдова, Қирғизистон ва Латвия дохиланд.

Тақвими бозиҳо

19-уми январ

12.00. Украина – Молдова.
14.15. Қирғизистон – Латвия.
17.00. Русия – Қазоқистон.
20.00. Эстония – Туркманистон.

20-уми январ

12.30. Беларус – Эрон.
15.00. Тоҷикистон – Литва.
17.30. Қазоқистон – Туркманистон.
20.00. Русия – Эстония.

21-уми январ

12.30. Украина – Қирғизистон.
15.00. Молдова– Латвия.
17.30. Беларус – Тоҷикистон.
20.00. Эрон - Литва.

22-юми январ

12.30. Украина – Латвия.
15.00. Молдова – Қирғизистон.
17.30. Қазоқистон - Эстония.
20.00. Русия – Туркманистон.

23-юми январ

17.30. Беларус – Литва.
20.00. Эрон – Тоҷикистон.

24-уми январ

18.00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.
20.00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.

25-уми январ

12.30. ¼ финал.
15.00. ¼ финал.
17.30. ¼ финал.
20.00. ¼ финал.

26-уми январ

18.00.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.
20.00.Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.

27-уми январ

12.30.Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
15.00.Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
17.30. 1/2 финал.
20.00. 1/2 финал.

28-уми январ

12.30. Бозӣ барои ҷойи 11-ум.
14.30. Бозӣ барои ҷойи 9-ум.

29-уми январ

12.00. Бозӣ барои ҷойи 7-ум.
14.15.Бозӣ барои ҷойи 5-ум.
16.30.Бозӣ барои ҷойи 3-юм.
19.00. Финал ё бозии ниҳоӣ.

Эзоҳ:

Замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.

Бозиҳои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар СКК "Петербургский" (маҷмаи варзишиву фарҳангии "Петербургский") баргузор мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG