Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина мехоҳад, Русия газро арзонтар кунад


Давлати Украина имрӯз дигарбора аз Русия хоҳад хост, то нархи гази содиротиашро ба ҳадди қобили мулоҳиза поин барад. Қарор аст, ин масъала имрӯз дар мулоқоти Юрий Бойко вазири маъданду энержии Украина ва Алексей Миллер, мудири ширкати давлатии “Газпром”-и Русия дар Маскав баррасӣ шавад. Бино ба гузоришҳо, Украина мехоҳад, ки қимати гази табии Русия, ки ҳоло барои ҳар ҳазор метри мукааб 416 доллар таъйин шудааст, бо нархи 250 долларӣ бихарад. Қарордоде 10-солаеро, ки Русия бо Украина бастааст, ин кишвар беш аз ҳад ва бар зарари худ медонад ва хостааст, то он бознигарӣ шавад. Аммо Русия мегӯяд, коҳиши қимати газ мумкин аст, ба шарте ки Украина ҳиссае аз шабакаҳои интиқоли гази худро ба Газпром бидиҳад. Аз тариқи ин шабакаҳо гази Русия то ба Аврупо мерасад ва ҷанҷолҳои Украинаву Русия дар солҳои 2006 ва 2009 сабаби халал ёфтани интиқоли газ ба кишварҳои ғарбӣ шуд.
XS
SM
MD
LG