Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Амрико шеваи баргузории интихоботи Қазоқистон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, арзёбии нозирони байналмилалиро дуруст аст, ки мегӯянд, интихоботи порлумонии Қазоқистон мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор нашуд. Баёнияе бо ин мазмунро вазорати умури хориҷии Амрико нашр кард. Пештар аз ин дар рӯзи душанбе, нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтанд, интихоботи Қазоқистон “ба меъёрҳои аслии як интихоботи демократӣ мувофиқ набуд” ва аҳзоби мухолифро ба интихобот роҳ надоданд. Давлати Амрико дар баёнияи хеш, аз ҳукумати Қазоқистон хостааст, шаффофият дар интихоботҳоро беҳбуд бахшида ва шароитро барои гуногунандешии воқеъии сиёсӣ фароҳам кунад. Ба гуфтаи мақомот дар интихоботи рӯзи якшанбе дар Қазоқистон се ҳизб, Ҳизби Нур Отани раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев бо 80 дар сади оро аксари курсиҳои порлумонро соҳиб шуд ва ду ҳизби дигар Ақ Жол ва Ҳизби Коммунист ҳам ба порлумон роҳ ёфтанд.
XS
SM
MD
LG