Пайвандҳои дастрасӣ

Амри додгоҳи Покистон ба нахуствазири ин кишвар


Додгоҳи Олии Покистон нахуствазир Юсуф Ризо Гелониро ба нофармонӣ ба иҷрои амри додгоҳ гунаҳкор донист, ки хоста буд, қазияи фасодкории раиси ҷумҳури Покистон таҳқиқ шавад. Ҳукми Додгоҳи Олии Покистон метавонад замина барои таҳқиқи амалкарди Юсуф Ризо Гелонӣ ва сабаби барканории ӯ шавад. Қарор аст нахуствазир, рӯзи панҷшанбе дар назди додрасҳо сабабҳои сарпечӣ аз амри додгоҳро шарҳ диҳад. Юсуф Ризо Гелонӣ дирӯз гуфт, ки ҳукми Додгоҳи Олии Покистонро иҷро хоҳад кард. Ин додгоҳ мехоҳад, парвандаи қадимаи раиси ҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ, ки ба фасодкорӣ муттаҳам шуда буд, дубора боз кунад. Ҳукумати Покистон бо ишора ба масунияти раиси ҷумҳур аз ин кор сарпечӣ мекард.
XS
SM
MD
LG