Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоӣ ба хотири ҳифзи ҷангалзорҳои Арманистон


Бештар аз 200 фаъолони созмонҳои ҳифзи муҳити зист дар Арманистон ва тарафдорони онҳо ба нишони эътироз аз буридани як ҷангалзори бузург дар шимоли ин кишвар раҳпаймоӣ кардаанд. Ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, Ширкати Истихроҷи Миси Арманистон мехоҳад, аз зери ҷангалзори Теғут мису молибден истихроҷ кунад ва барои ин кор бояд 28 ҳазор дарахтро бибуранд. Тахмин мешавад, ки майдони Теғут 1,6 миллион тонна мис ва 100 ҳазор тонна молибден дорад. Ширкати истихроҷи миси Арманистон мегӯяд, бо истихроҷи маъдан дар ин минтақа ҷойи кор меофарад ва дарахтзорҳои дигар месабзонад. Созмонҳои ҳифзи муҳити зист дар Арманистон мегӯянд, бо буридани бераҳмонаи дарахтон аз соли 1990 ҷангалзорҳои зиёде дар кишвар нобуд шудаанд.
XS
SM
MD
LG