Пайвандҳои дастрасӣ

Шоираи навҷӯ Адибаи Азиз дар ашъораш ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва дарду доғи занон руҷӯъ мекунад.

Маҷмӯаи нави Адибаи Азиз дар маҳфиле дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Бархе аз суханварон ин китобро паёми тоза ва сафҳаи наве дар шеъри иҷтимоӣ унвон карданд.

Адибаи Азиз 33 сол дорад. Вай аз синфи чорум шеър менавишт, аммо аввалин дафтари шеърашро дар сини 29-солагӣ, нашр кардааст. Маҷмӯаҳои «Сад барги ҳиҷрон» соли 2007, «Паррандаҳои қафасӣ» ва «Тулӯъ дар бандар" соли 2009 нашр шуданд. Айни ҳол донишҷӯи бахши аспирантура аст ва рисолаи илмии ӯ ба осори Бозор Собир, шоири тавони тоҷик бахшида шудааст.

Барномаи «Ояндасоз»-и Радиои Озодӣ бо шоира Адиба ҳамсӯҳбат шуд ва бо муборакбодии нашри китоби нави ӯ пурсид, оё сабаб чист, ки бештар ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ рӯ овардаед?

Адибаи Азиз: "Фикр мекунам, ки ба қавли устод Бозор Собир, шоир бояд иҷтимоӣ бошад. Яъне шеър ҳам иҷтимоӣ ва сиёсӣ. Гарчанде, ки шеърҳои ман ба мавзӯи ишқ бахшида шудаанд, вале бештар ба дарди иҷтимоъ бармехӯрам. Кӯшиш мекунам аз он пиразани хастае, ки гулфурӯшӣ мекунад, марди хиёбоние, ки ба хотири рӯзгузаронияш чанд дирам мепурсад, аз хонуме, ки кӯчарӯбӣ мекунад, аз шӯълаҳои нахустини хуршед, дарду ғам, барфу борон… умуман ҳама чизе, ки маро иҳота кардааст ва аз дарду ранҷи хеш шеър мегӯям.

«Ояндасоз»: Дар бораи сарсониҳои худ ва даҳҳо ҳамватани дигар дар ғурбат ҳам шеъре доред. Ҳадаф аз ин ҳиҷрат ба Русия, дидори ҳаёти ҳамватанон дар кӯйи ғарибӣ буд ё тағйири ҳолу ҳавои эҷодӣ?

Адибаи Азиз: "Соли 2007 дар ҳаёти ман таҳаввулоти ҷиддие ба вуқӯъ пайваст. Маҷбур шудам ватан, коргоҳ, зиндагии худро тарҳи нав бубахшам. Аз ин рӯ роҳ пеш гирифтам ба Москав. Ин сафари таваккалӣ буд. Ҳеҷ гумон надоштам, ки дар ин шаҳр ба хушбахтиҳо рӯ ба рӯ мешавам. Аз ин хотир навиштаам:

Меравад сардӣ зи роғи шишаам,
Буйи гул бо буйи борон мерасад.


ё дар ҷойи дигар гуфтаам:

Офтоб аз пушти борон мерасад...

Маскав як таваллуди дигар дар зиндагӣ ва шеъри ман шуд ва нақши муҳим бозид. Сафари бетарҳ буд, аммо дар худ кӯлбори фаровоне аз тозакориҳои эҷодӣ ва ҳаёти шахсӣ ба бор овард. Орзуҳои маро ба воқеият табдил дод."

«Ояндасоз»: Яъне фирор аз худ?

Адибаи Азиз: "Бале, фирор аз худ буд. Ҳар калима ва маънии шеъри ман аз афтоданҳо дар зиндагии худам аст. Барои гуфтани шеър қаҳрамон намекобам, аз худ мегӯям. Аммо бояд шоир ҳам дарди дигаронро гӯяд. Дар бораи дигарон шеъри кам дорам. Дар ғурбат будам барои ҳамин шеърҳои иҷтимоии ман дар ғурбат тавлид шуд, агар намерафтам, инҳо эҷод намешуданд. Шеъри ман зиндагиномааи ман аст."

«Ояндасоз»: Шеъре доред дар бораи сарнавишти зани дувум, оё ин дарду доғи ҷомеа, умуман зиндагии занҳои дувуму севум ва фарзандони танҳои онҳо дар чорсӯйи зиндагист?

Муаррифии маҷмӯаи нави шеърҳои Адиба дар Иттиҳодияи нависандагон

Муаррифии маҷмӯаи нави шеърҳои Адиба дар Иттиҳодияи нависандагон

Адибаи Азиз: Воқеан, зани дувум, севум ва маъшуқа будан ва аслан зан шумора надорад. Зани бадбахт будан на танҳо барои як фард ё хонавода, ҳатто барои тамоми ҷомеа ва миллат фоҷиа аст. Вақте кӯдак мехоҳад, аз рафи дӯкони пири нобино бозичаеро барои худ бигирад, аммо модар наметавонад, ки шодии боғи фарзандро бубинад. Имкон надорад ки зочаро барои кӯдакаш харидорӣ кунад. Ва ба худ мегӯяд, чаро агар ӯ (шавҳараш) фирор кард, маро дар нимароҳ гузошт, чаро ба дидори фарзанди худ намеояд. Дӯстони зиёд дорам, ки ба ин фоҷиа рӯ ба рӯ шудаанд. Ҳарчанд, ки ҳоло модар нашудаам, аммо ин дардро эҳсос кардам. Ҳамчун моҳӣ дар баҳри ранҷу азият тапидам, шино кардам, дар соҳили нокомиҳо мондаам ва ин шеър навишта шуд.

«Ояндасоз»: Яъне шеър бояд бозтоби ранҷ ва ҳиссиёти худ бошад?

Адибаи Азиз: "Ошкор мегӯям, ки воқеан, эҳсоси ранҷи зани дуюм борҳо маро пайгирӣ кардааст. Борҳо шудааст, ки баъди хондани шеърҳои иҷтимоӣ ва сарнавишти ҳазорон занҳои тоҷик, занҳои аввал ба ман муроҷиат мекунанд, барои онҳо низ шеъре нависам. Онҳо мегӯянд, ки «ҳамсари вафодори мо хонуми дигареро ба болояшон овард» ва ман ҳам аз дарди ҳамсарони аввал чизе нависам. Вале, ҳаргиз шеъри фармоишӣ нанавиштаам ва наметавонам фармоиши онҳоро нависам. Яъне, ғами онҳоро нависам. Бо эҳтироми хос, рад мекунам. Зеро ин эҳсосотро надоштаам. Барои онҳо орзу мекунам, ки барои наомадани ҳамсарони хеш ранҷ накашанд, мисли занони афғониву эронӣ мубориз бошанд барои баргаштан. Ба онҳо мегӯям, ки вақте тифл ба дунё меояд, зан пуштибони худро дорад. Кӯдак ҳам як фаришта аст, ки модарро аз бисёр фоҷиаҳо ва ранҷҳо эмин нигоҳ медорад."

«Ояндасоз»: Маҷмӯаи нав аз осори пештараи Шумо хеле фарқ дорад. Суханбозӣ камтар ва содабаёнӣ бештар шудааст...

Адибаи Азиз: "Бо шумо розиам. Ба ивази аз даст додани чизҳои камарзиш чизҳои пурарзишро ман ёфтам. Соли 2007 эҳсоси хушбахтӣ намекардам ва умед аз чунин рӯзро надоштам, аммо олиҳаи шеър маро ёр шуд, танҳо нагузошт. Дар ҳаёти ман марде пайдо шуд, ки орзуи деринаи ман буд. Ман марди кӯҳистониро орзу доштам. Меъмори зиндагии таваллуди навамро бозёфтам. Дар ин бора гуфтаам:

Сигори байни дастони ту будам, кош, эй шоир,
Агар сӯзам миёни панҷаҳои меҳрубонат, ҳеҷ боке нест!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG