Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чанд гумонбари қатли Аҳмадирӯшан


Мустафо Аҳмадирӯшан
Мустафо Аҳмадирӯшан
Раиси парлумони Эрон гуфт, дар иртикоби қатли донишманди ҳастаӣ дар ҳафтаи гузашта чанд нафарро боздошт кардаанд. Алии Лориҷонӣ ба телевизиони арабии Ал-Алам гуфт, мақомот “бархе гиреҳҳоро кушода, чанд боздошт сурат гирифтааст.” Ба гуфтаи ӯ, гумонбарон таҳти бозҷӯӣ қарор дошта, таҳқиқот идома дорад. Аммо ӯ дар бораи ҳуввияту миллият ва теъдоди гумонбарон чизе нагуфт. Мустафо Аҳмадирӯшан, як мақоми корхонаи ҳастаии Натанз, рӯзи чоршанбеи гузашта дар натиҷаи инфиҷори мошинаш дар Теҳрон кушта шуд. Эрон Амрикову Бритониё ва Исроилро дар ин ҳамла айбдор кард. Вошингтон нақш доштанаш дар ин сӯъиқасдро радд ва Лондон қатли афроди мулкиро маҳкум кард. Исроил шарҳе дар ин бора надодааст.
XS
SM
MD
LG