Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Волиёни Русия интихобӣ хоҳанд шуд


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев тарҳи қонунеро ба парлумон ироа кард, ки интихоботи мустақими волиёнро барқарор мекунад. Дар соли 2004 раҳбари вақти Русия Владимир Путин интихоботи волиҳоро барҳам дод ва аз он ба баъд волиёни 83 вилояту ҷумҳурии Русия аз сӯи Кремл таъйин мешуданд. Тибқи тарҳи ҷадид, аҳзоб ҳаққи пешбарии номзад ба мақоми волиро доранд, вале бо машварат бо раисиҷумҳур. Ин тарҳи қонун бахши ислоҳотест, ки Медведев баъди эътирозҳои пасоинтихоботии моҳи декабр ваъда дод.
XS
SM
MD
LG