Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саркӯб шудани ошӯб дар боздоштгоҳи Бишкек


Эътирози пайвандони маҳбусон дар даври боздоштгоҳи аввали Бишкек

Эътирози пайвандони маҳбусон дар даври боздоштгоҳи аввали Бишкек

Бино ба хабарҳо, имрӯз дар пайи ошӯби маҳбусон нирӯҳои вижаи амниятии Қирғизистон дар боздоштгоҳи Бишкек вориди кор шуданд. Омбудсмени Қирғизистон Турсунбек Охун дар пайи боздид аз боздроштгоҳи аввали пойтахт гуфт, нирӯҳои вижа маҳбусонро латукӯб кардаанд ва дар натиҷа ҳудуди 30 маҳбус ҷароҳат бардоштаанд. Матбуот мегӯяд, маҳбусон алайҳи таҳвили дуи онҳо ба як боздоштгоҳи дигар эътироз мекарданд. Ба гуфтаи мақомот, дар ин боздоштгоҳ амалиёти ҷустуҷӯи силоҳу маводи мухаддир мегузашт ва дар ҷараёни ошӯб 4 маъмур захмӣ шуд.
XS
SM
MD
LG