Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар хонаводаи суннатии тоҷик маъмулан мард сарвар, ноновар ва тасмимгири ниҳоӣ пазируфта мешавад.

Ҳатто дар бисёре аз хонаводаҳое, ки зан баробари мард кор мекунад ва як тарафи таъминкунанда ба шумор меравад, аксаран бартарии мард ба сифати сарвари оила эҳсос мешавад. Агарчӣ дар тасмимгирӣ дар чунин хонаводаҳо мард бе машварати зан иқдом намекунад.

Бартарии мард дар хонавода ба сифати сарвар дар зеҳни ҳатто фарзандон аз тифлӣ ҷо мешавад ва агар аз духтар ва ё писари ҳанӯз муҷаррад суол кунед, ки кӣ бояд дар оила сарвар бошад, ҳатман посух медиҳанд, ки мард.

Аммо нақши занро дар хонавода ба сифати сарвар намешавад нодида гирифт. Зеро дар хонаводаҳои суннатии тоҷик масъулияти тарбияти фарзандон маъмулан ба дӯши зан аст ва фарзандон зери таъсири хулқу атвори модар қарор доранд.

Гузашта аз ин, қисми зиёди мардон барои дарёфти рӯзӣ ба Русия муҳоҷират кардаанд ва таъмини хонаводаву нигоҳубини фарзандон ба дӯши занон бор шудааст. Ва онҳо ба таъбири мардум ҳам зан ва ҳам марди хонаанд.

"Дар шароити кунунӣ бояд дар хонавода кӣ сарвар бошад: мард ё зан?" Ин суоле буд, ки наворбардори "Озодӣ" посухашро аз раҳгузарони хиёбонҳои Душанбе пурсид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG