Вазири хориҷаи Олмон гуфт, вақт аст, ки Аврупо худ ожонсиҳои эътимодсанҷиашро ташкил кунад. Изҳороти Гвидо Вестервелле зимни сафараш ба Юнони буҳронзада дар ҳолест, ки «Standard & Poor's” рӯзи ҷумъа дараҷаи эътимоди қарзҳои 9 кишвари Аврупоро пойин овард, ки мояи нигарониҳои нави бозорҳо пиромуни буҳрони қарзи Аврупо ва воҳиди пулии 17 кишвараш – евро – шуд. Вестервелле гуфт, тасмимҳои ожонсиҳои эътимодсанҷ боиси бурузи норӯшанӣ дар бозорҳо мешавад.