Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳантсман аз корзори интихоботии Амрико хориҷ шуд


Ҷон Ҳантсман

Ҷон Ҳантсман

Ҷон Ҳантсман, сафири собиқи Амрико дар Чин ва волии собиқи аёлати Юта, аз идомаи мубориза барои касби мақоми номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Амрико ба нафъи волии собиқи Массачусеттс Мит Ромнӣ даст кашид. Ҳантсман, ки ҳафтаи гузашта дар раъйгирии муқаддамотии ҷумҳурихоҳон дар Ню-Ҳампшир ҷои севвумро гирифт, бар ин бовар аст, ки Мит Ромнӣ метавонад дар интихоботи моҳи ноябр бо Барак Обама рақобат кунад. Ромнӣ дар Ню-Ҳампшир ва қабл аз он дар Айова баранда шуд. Раъйгириҳои навбатии ҷумҳурихоҳон рӯзи 21 январ дар Каролинаи ҷанубӣ ва рӯзи 31 январ дар Флорида хоҳанд гузашт.
XS
SM
MD
LG