Пайвандҳои дастрасӣ

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 4,4 миллиард $ шуд


Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта 4 миллиарду 433,3 миллион долларро ташкил дод, ки назар ба соли қаблӣ 15,4 дарсад бештар аст. Аммо таносуби байни содирот ва воридот шадидан манфӣ буда, ба 1,9 миллиард доллар расидааст. Ҳаҷми содироти Тоҷикистон 1 миллиарду 256,9 миллион, вале ҷамъи воридоташ дар як сол 3 миллиарду 186,4 миллион доллар шудааст.
XS
SM
MD
LG