Пайвандҳои дастрасӣ

Ба парлумони Қазоқистон танҳо 3 ҳизб роҳ ёфт


Н.Назарбоев дар тантанаи пирӯзии ҳизбаш

Н.Назарбоев дар тантанаи пирӯзии ҳизбаш

Куммиссиюни марказии интихоботи Қазоқистон мегӯяд, 3 ҳизб садди 7-дарсадиро убур карда, ба парлумони ҷадид роҳ ёфтаанд. Бар асоси натоиҷи шумориши муқаддамотии орои интихоботи дирӯзаи парлумонӣ, ҳизби Нур-Отани раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев 80,7 дарсад, ҳизби Оқ-Жол ҳудуди 7,5 ва ҳизби коммунист 7,2 фоиз раъй ба даст овардаанд. 4 ҳизби дигар аз 7 дарсад камтар раъй гирифта, ба парлумон роҳ наёфтанд. Мухолифин алакай мегӯянд, ки интихобот бо тахаллуфоти фаровон гузашт.
XS
SM
MD
LG