Пайвандҳои дастрасӣ

Марги фоҷиабори 5 тоҷик дар Твери Русия


Бар асари як сониҳа дар вилояти Твери Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудаанд. «Азия Плюс» аз қавли Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар дод, ки ин садама зӯҳри 14 январ дар километри 113-уми роҳи Торжок-Осташков рух дода, мошини ВАЗ-2109 ба як автобуси мусофирбар бархӯрд, ки дар натиҷа ҳамаи 5 сарнишини мошини сабукрав ҷон бохтанд. Касе аз мусофирони автобус осеб надидааст. Қурбониён сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Сафарбек Қушбеков, Зафар Солиҳов, Мурод Тиллоев, Зоҳирҷон Ҷӯраев ва Назирҷон Худойназаров будаанд. Мақомоти Хадамоти муҳоҷирот дар ҳоли ҳозир дар пайи таҳияи аснод барои ирсоли ҷанозаҳои ҳалокшудагон ба Тоҷикистон мебошанд.
XS
SM
MD
LG