Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдорӣ ба қаҳрамонҳои олимпӣ манзил хоҳад дод


Муҳаммадсаид Убайдуллоев (Акс аз бойгонӣ)
Муҳаммадсаид Убайдуллоев (Акс аз бойгонӣ)
Шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон барои ҳар варзишкори душанбегие, ки қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ хоҳанд шуд, манзилҳои дуҳуҷраӣ ва унвони сокини ифтихории Душанберо ваъда кардааст. Дилшод Қурбонов, раҳбари идораи ҷавонон ва варзиши шаҳрдорӣ гуфт, бо қарори шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев, барои барандагони нишонҳои нуқраи Бозиҳои олимпӣ 45 000 сомонӣ ва барои барандагони нишонҳои биринҷии Олимпиадаҳои оянда 35 000 сомонӣ ҷоиза таъйин шудааст. Барои унвони қаҳрамони ҷаҳон ба варзишкорони пойтахт 20 000 сомонӣ ҷоиза муқаррар кардаанд. То имрӯз 4 варзишкори тоҷик ба Бозиҳои олимпии Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд, ки ҳамагӣ аз Душанбеанд.
XS
SM
MD
LG