Пайвандҳои дастрасӣ

Ду муовини вазири умури дохила иваз шуд


А.Бузмаков - раиси нави милисаи Душанбе

А.Бузмаков - раиси нави милисаи Душанбе

Дар раҳбарияти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Раҳбари идораи ҷустуҷӯи ҷиноӣ Нуруллоҳ Орифов ва раиси идораи умури дохилаи шаҳри Душанбе Шералӣ Сабзов муовинони вазир таъйин шуданд. Абдураҳмон Бузмаков аз мақоми раиси идораи умури дохилаи вилояти Хатлон ба курсии Сабзов дар Душанбе нишаст ва ҷои худро ба Анвар Тағоймуродов дод, ки то ҳол дар симати муовини вазир ифои вазифа мекард. Икром Умаров ба ҷои Тоҳир Норматов раҳбари ситоди вазорат шуд.
Дар ҳамин ҳол, Раҳмонқул Раҳимов, бародари вазири умури дохила Рамазон Раҳимов, ки дар ҳафтаи гузашта ба далели ҷилавгирӣ аз таборгароӣ аз кор дар милиса ихроҷ карда шуд, муовини раиси идораи гумруки вилояти Суғд таъйин шудааст.
XS
SM
MD
LG