Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошт барои таълими динӣ дар хона


Гурӯҳе аз наврасон дар намози Иди Фитри соли гузашта

Гурӯҳе аз наврасон дар намози Иди Фитри соли гузашта

Як имом-хатиб дар пойтахти Тоҷикистон барои "таълими ғайриқонунии дин" ба наврасон боздошт шудааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ин имом-хатиби 42-сола дар ҳоле боздошт гардидааст, ки дар манзили шахсӣ ба таълими динии гурӯҳи наврасони аз 5 то 10-сола машғул буд. Ҳарчанд барои роҳандозии ин фаъолият аз сӯи Кумитаи дини Тоҷикистон иҷозатнома надошт.

Дар пайи тасвиб ва мавриди иҷро қарор гирифтани Қонун дар бораи "озодии виҷдон" дар се соли пеш, таълими динӣ бидуни дарёфти литсензия ё иҷозатномаи Кумитаи дини Тоҷикистон мамнӯъ гардид.

Бар асоси қонуни "озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ", ҳар нафаре, ки мехоҳад таълими динӣ диҳад, аз ниҳоди умури дин бояд иҷозатнома дарёфт кунад. Дар ин бора дар банди ҳаштуми ин қонун таъкид шудааст: "Таълими динӣ баъд аз гирифтани иҷозатномаи давлатӣ мумкин аст."

Ё ин ки "таълими динии кӯдакон аз синни 7 то 18-солагӣ бо ризоияти хаттии падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар вақтҳои берун аз дарс ва берун аз барномаи таълимии таҳсилоти давлатӣ иҷозат дода мешавад."

Илова бар ин, моҳи июни соли гузашта порлумони Тоҷикистон тағйиру ислоҳ ба Кодекси ҷиноиро қабул кард, ки муҷозот барои таълими ғайриқонуниро боз ҳам сахттар намуд. Бар пояи ислоҳҳои ворида, барои ташкил ва роҳандозии фаъолияти таълимгоҳҳои ғайриқонунии динӣ, ки моҳияти ифротгароӣ доранд, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Вазири вақти умури дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров, ки ин ислоҳҳоро дар порлумон шарҳ медод, гуфта буд, ки барои шаҳрвандони дар ин амалҳо дастдошта, ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 12 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Бо ин ҳол, ин барои нахустин бор нест, ки як имом-хатиб ва ё афроди ҷудогона барои таълими дини Ислом дар манзилҳои шахсии худ боздошт ва муҷозот мешаванд. Ба дунболи амалиёти "Мадраса" дар вилояти Суғду Хатлон дар ду соли ахир, даҳҳо таълимгоҳи ба қавли мақомот ғайриқонунӣ баста ва соҳибонашон ба пардохти ҷарима муваззаф шудаанд. Аз ҷумла, дар соли гузашта дар минтақаи Хатлон ҳудуди 40 мавриди таълими ғайриқонунии динии наврасон дар манзилҳои шахсӣ ошкор гардида, аксари "мударрисон" ба пардохти ҷарима маҳкум шуданд.

Рӯҳониёни тоҷик аз ин иқдоми мақомот интиқод карда ва навъе аз маҳдудиятҳои динӣ медонанд. Аммо мақомот мегӯянд, ҳадафи онҳо на эҷоди монеа барои диндорон, балки ҷилавгирӣ аз афзоиши ифротгароӣ миёни наврасону ҷавонон будааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG