Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии ҳизби ҳоким дар интихоботи Қазоқистон


Нозирони байналмилалӣ мегӯянд, интихоботи парлумонии Қазоқистон ҷавобгӯи меъёрҳои демократӣ набуд.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, бо вуҷуди азми мақомот, интихоботи рӯзи15 январ демократӣ набуд ва бояд ба он шумори бештари аҳзоби дар воқеъ мухолиф роҳ дода мешуд.

Кумиссиюни марказии интихоботи Қазоқистон мегӯяд, 3 ҳизби сиёсии ин кишвар садди 7-дарсадиро убур карда, ба парлумони нав роҳ ёфтаанд. Бар асоси натоиҷи шумориши муқаддамотии орои интихоботи рӯзи якшанбе раъйи интихобкунандагон дар байни ин аҳзоб ин гуна тақсим шудааст: Ҳизби Нур-Отани раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев 80,7 дарсад, Ҳизби Оқ-Жол ҳудуди 7,5 дарсад ва Ҳизби коммунист 7,2 фоиз раъй ба даст овардаанд. 4 ҳизби дигар аз 7 дарсад камтар раъй гирифта, ба парлумон роҳ наёфтанд. Мухолифон алакай мегӯянд, ки интихобот бо хилофкориҳои зиёд гузаштааст. Ба гуфтаи мақомот, дар интихоботи рӯзи якшанбе андаке бештар аз 75 дар сади мардум раъй додаанд.

Қувондиқ Турғунқулов, раиси Кумиссиёни Марказии Интихоботи Қазоқистон дар ин бора гуфт: "Аз миёни 9 миллиону 300 ҳазор раъйдиҳандаи сабти ном шуда, 6 миллиону 980 ҳазор нафари онҳо ба қитъаҳои интихоботӣ омаданд. Дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 75.07 дар сади мардум раъй додаанд."

Интихоботи порлумонӣ дар Қазоқистон як моҳ баъд аз ошӯбҳои маргбор дар як минтақаи нафтхез баргузор шуд, ки дар он ба гуфтаи мақомот 17 нафар кушта шуданд. Пеш аз интихобот, раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев, қонуни интихоботро ислоҳ кард, ки ҳадафи он поён додан ба низоми якҳизбӣ дар порлумон аст.

То кунун порлумони Қазоқистон танҳо дар ихтиёри ҳизби ҳокими "Нуротан" буд. Бар асоси ин қонун, ҳадди аққал яке аз ҳафт ҳизби рақиби ҳизби ҳоким дар интихобот метавонанд ба палатаи поёнии порлумон, Маҷлиси дорои 107 курсӣ роҳ ёбад, вале барои ин бояд зинаи 7 дарсадиро убур кунад. Дар интихобот ҳамчунин ҳукуматҳои маҳаллӣ интихоб мешаванд, ки дар навбати худ дар баргузидани аъзои Сенат, палатаи болоии порлумони Қазоқистон кӯмак мекунанд.

Аммо интихоботи рӯзи якшанбе бар хилофи ваъдаи мақомот поку покиза баргузор нашуд. Дар як видеое, ки бахши қазоқии Радиои Озодӣ навор гирифтааст, аён аст, ки як мақоми интихоботӣ дар як қитъаи интихоботӣ дар наздикии шаҳри Алмаато қуттиҳои раъйдиҳиро пур мекунад.



Як сокини маҳаллӣ низ мегӯяд, ки ба ҷойи 9 писараш дар интихобот раъй додааст. Аҳзоби мухолифи Қазоқистон низ мегӯянд, ки шоҳиди қонуншиканиҳо дар интихобот шуданд, аз ҷумла аъзои Ҳизби Озод мегӯянд, як раъйдиҳандаеро дучор омадаанд, ки гуфтааст, дар ивази раъй доданаш ба ҳизби "Нуротан", 13 доллар хоҳад гирифт.

Созмони нозирони мустақили интихоботии Қазоқистон низ доир ба қонуншиканиҳо дар пойтахт дар шаҳри Остона гузориш додаанд, аз ҷумла дар бораи роҳ надодани нозирон ба қитъаҳои интихоботӣ ва ҳамчунин қуттиҳои нодуруст мӯҳрзада.

Дар шаҳри Жанаозен, маҳалли ошӯбҳои моҳи гузашта вазъ ором будааст. Яке аз сокинони шаҳр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин шаҳр, пулиси мусаллаҳи зиддишӯриш ва афроди мусаллаҳ бо калтак қитъаҳои интихоботиро посбонӣ мекарданд. Аммо Маргарита Ассенова, як нозири амрикоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳузури пулис дар Жанаозен чандон зиёд набудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG