Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи назархоҳиҳо аз интихоботи Қазоқистон


Бино ба назархоҳиҳо аз интихоботи Қазоқистон, ҳамроҳ бо ҳизби ҳокими Нур Отан ба эҳтимоли ғолиб ду ҳизби дигар ба порлумон роҳ меёбанд. Аҳзоби мухолифи давлат аз ҳоло мегӯянд, ки интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе олуда ба тақаллубкориҳои густурда буд. Назархоҳиҳо нишон додаанд, ки Ҳизби Нур Отани раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 80 дар сади раъйи мардумро ба даст хоҳад овард, аммо ҳизби Ақ Жол ва Ҳизби Коммунист низ имкон доранд соҳиби курсӣ дар Маҷлис палатаи поёнии порлумон шаванд. Мақомот мегӯянд, дар интихобот андаке бештар аз 75 дар сади мардум ширкат варзиданд. Интихобот дар Қазоқистон як моҳ баъд аз ошӯбҳои маргбор дар як минтақаи нафтхез баргузор шуд, ки дар он ба гуфтаи мақомот 17 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG