Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ сарнавишти ҳукумати Покистонро баррасӣ мекунад


Сарнавишти ҳукумати гирифтори Покистон, ки зери фишори артиши қудратманди кишвар мондааст, имрӯз дар Додгоҳи Олии Покистон баррасӣ мешавад. Айни замон вакилони мардумӣ дар порлумон масъалаи раъйи эътимод ба ҳукуматро баҳс мекунанд. Дар нишасти Додгоҳи Олӣ, иддаъоҳо доир ба фасодкории Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳур ва баъзе аз вакилони покистонӣ баррасӣ хоҳад шуд. Ҳукумати Покистон бо зикри масунияти раиси ҷумҳур аз ҳамкорӣ бо муфаттишон сарпечӣ мекард. Бино ба гузоришҳо, Додгоҳи Олии Покистон метавонад, масъалаи барканории ҳукуматро баррасӣ намояд. Баъди ифшо шудани як паёми махфие дар соли гузашта, байни ҳукумати Покистон ва артиши ин кишвар моҷарое бархост ва авҷ гирифт. Дар ин паём гӯё ҳукумати ҳукумати Осиф Алӣ Зардорӣ аз Амрико хостааст, дар пешгирӣ аз табаддулоти низомии эҳтимолӣ кӯмак кунад. Як гурӯҳи махсуси Додгоҳи Олии Покистон ин қазияро таҳқиқ мекунад.
XS
SM
MD
LG