Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштирони "Коста Конкордиа"-ро гунаҳкори садама хонданд


Молики киштии саёҳие, ки дар наздикии соҳили Итолиё сарнагун шуд ва панҷ нафарро кушт, капитан ва ё нохудои киштиро дар ин фалокат гунаҳкор донист. Ширкати саёҳии "Коста Гросиер" дар як баёнияи расмӣ гуфт, киштирон бо қазовати нодуруст ҳаракат кардааст ва баъди сарнагун шудани киштӣ ҳам, меъёрҳои ҳолати фавқуллода риоят нашудаааст. Киштии саёҳии “Коста Конкордиа” рӯзи ҷумъа дар соҳилҳои ғарбии Итолиё ба гил нишаст ва сарнагун шуд ва Франческо Шеттино, нохудои онро бо иттиҳоми қатл ва раҳо кардани киштӣ боздошт карданд. Киштии мазкур бо 4200 мусофир ба садама дучор шуд. Панҷ нафар аз ҷумла шаҳрвандони Итолиё, Испониё, Фаронса ва Перу ҳалок шуданд ва 60 нафари дигар захм бардоштанд. Мақомот мегӯянд, 15 нафар ҳанӯз бенишонанд.
XS
SM
MD
LG