Пайвандҳои дастрасӣ

Новхудои киштии Costa Concordia ба ҳабс гирифта шуд


Киштии Costa Concordia баъди якпаҳлӯ афтодан

Киштии Costa Concordia баъди якпаҳлӯ афтодан

Тибқи хабарҳои ахире, ки мақомоти Италия эълон карданд, шумораи ононе, ки баъд аз ба гил нишастани киштии сайёҳии Costa Concordiaто ҳол бедарак мебошанд, 17 нафар будааст. Аз 4000 нафаре, ки дар ин киштӣ буданд, аксарашон бо қоиқҳо наҷот дода шуданд. Кушта шудани се нафар таъйид шудааст. Се нафари дигарро баъдтар наҷот доданд. То ҳол бозрасон ба сабабҳои ба гил нишастани ин киштӣ расидагиро идома медиҳанд ва маълум нест, ки ин киштии 290 метрӣ чаро ба ин андоза ба соҳил наздик шудааст. Новхудои киштиро ба ҳабс гирифтаанд, зеро вай сабаби куштори одамон шудааст. Иддао мешавад, ки вай қабл аз наҷоти ҳамаи мусофирон киштиро тарк кардааст. Аммо новхудо ин иддаоро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG