Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷоре дар Покистон 13 кушта бар ҷой гузошт


Дар шаҳраки Хонпури аёлати Панҷоби Покистон ҳангоми раҳпаймоии мазҳабӣ баме мунфаҷир шуд ва дар он 13 нафар кушта, бештар аз 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Садҳо нафар пайравони мазҳаби шиа дар Покистон дар маҳали вижаи худ гирдиҳам омаданд, то идро баргузор кунанд. Пулиси маҳаллӣ мегӯяд, бозрасон ба тафтиши маҳал идома медиҳанд, то сабабҳои таркишро рӯшан кунанд. Дар Покистон шиамазҳабон тақрибан 20 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд ва онҳо гаҳ-гоҳе ҳадафи ҳамлаҳои тундгароён қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG