Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикон дар бораи изҳороти президенти Узбакистон


Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон

Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон

Ислом Каримов аз эҳтимоли фавҷи нооромиҳо дар минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон сӯҳбат кард.

Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, дар суханронии худ ба муносибати 20-умин солгарди таъсиси нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш гуфтааст, бо хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон дар соли 2014, ин минтақа ба макони афзоиши таҳдиди тундгароҳо ва террористҳо табдил хоҳад шуд.

Ин барои нахустин бор аст, ки лидер ё пешвои яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз паёмади хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунад. Ба таъкиди президент Каримов, минтақаи Осиёи Марказӣ дорои захоири ғании минералӣ ва моли хом мебошад, ки дар солҳои ахир ба як нуқтаи мавриди таваҷҷӯҳи кишварҳои абарқудрат табдил шудааст.

Таҳлилгарони масоили амниятӣ дар Тоҷикистон чунин баҳогузории раисиҷумҳури Узбакистон доир ба вазъи минтақаро рад намекунанд. Амруллоҳи Собир, коршиноси масоили амниятии Тоҷикистон, ба ин бовар аст, ки ба хотири соҳиб шудан ба манобеи Осиёи Марказӣ бозигарони нав вориди ин саҳна хоҳанд шуд, ки ба қавли ӯ яке аз онҳо Чин мебошад.

"Дар воқеъ, Осиёи Марказӣ манбаи энержии арзон, об, манбаи маводи ҳастаӣ ва газ мебошад. Азбаски тайи солҳои ахир ҳамчун манбаъ истифода нашуда буд, акнун ба барои баҳрабардорӣ ба саҳнаи муборизаи кишварҳое чун Чин, Эрон, Русия ва Амрико ва кишварҳои дигар табдил хоҳад ёфт",-гуфт ӯ.



Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, ҳамчунин гуфтааст, таҳдиди ҷиддӣ дар баробари суботи минтақа вазъи ногувори иҷтимоӣ ва иқтисодии баъзе аз кишварҳоест, ки барои афзоиши норозигиҳои иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ва ин ба бештар шудани сафи тундгароҳо дар дохили кишвар сабаб мешавад.

Беҳзоди Исомиддин

Беҳзоди Исомиддин

​Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, Ислом Каримов шояд Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар назар дорад, ки аз фақиртарин кишварҳои Осиёи Миёна ба шумор меоянд. Таҳлилгари масоили иҷтимоӣ Беҳзод Исомиддинов бар ин назар аст, ки заъфи ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ сабаби аслии мушкили иҷтмоӣ дар ин кишварҳо шудааст.

Ба қавли ӯ, агар Ислом Каримов чунин ҳарфҳои болобаланд мезанад, чаро нисбат ба кишварҳое мисли Қирғизистону Тоҷикистон муносибати нек надорад ва ҳамеша талош мекунад, ки монеаҳо эҷод намояд: "Каримов дуруст мегӯяд, ки бар асари заъфи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ норозигиҳо дар дохили кишвар бештар мешавад. Вале чаро барои беҳбуди ҳамсояи худ, масалан, Тоҷикистон ончуноне, ки бояд муносибат кунад, намекунад. Қаторҳоро нигоҳ медорад. Ду кишвари наздиктарин бо виза равуо мекунанд. Бо эҷоди чунин мамониатҳо худи кишварҳо роҳро барои нооромиҳо боз мекунанд."

Ба қавли Беҳзод Исомиддинов яке аз роҳҳои рафъи таҳдид ба амнияти минтақа ҳамкории фаъол ва ҳамаҷонибаи ҳамин кишварҳои ҳамсоя мебошад.

Аксари таҳлилгарон, аз ҷумла коршиносони Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ мушкили амниятии минтақаро ба вуҷуди масоили дохилии байни кишварҳо, яъне масъалаҳои ҳамсоядории онҳо марбут мекунанд. Онҳо мегӯянд, таҳдидҳои беруна ё хориҷӣ ба суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле муассир ва ҷиддӣ хоҳанд буд, ки агар дар дохил ҷонибдорӣ пайдо кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG