Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машваратҳои сулҳи Исроилу Фаластин дар Урдун


Имрӯз дар Аммон-пойтахти Урдун даври севвуми мулоқоти ғайринавбатии намояндагони Исроил ва Фаластин баргузор шуд. Дар бораи тасмимҳои ширкаткунандагони ин мулоқот хабар дода намешавад. Мушовироти навбатии ҷонибҳо барои 24 январ пешбинӣ шудааст. Фаластин мегӯяд, ҳамон рӯз маълум хоҳад, шуд, ки музокироти ҳамаҷонибаи сулҳ аз сар гирифта шавад ё хайр. Ба гуфтаи Фаластин, монеаи аслӣ дар ин музокирот даст накашатдани Исроил аз сохтмони манзилҳо дар каронаи ғарбии рӯди Урдун аст. Аммо ҷониби Исроил пофишорӣ дорад, ки бидуни шарту шароит музокирот аз сар гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG