Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад дар кишвараш афв эълон кард


Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия барои ононе, ки дар ҷараёни нооромиҳои 10 моҳи ахир ҷиноят содир кардаанд, афви умумӣ эълон кард. Дар ин бора хабаргузории расмии Сурия бо номи САНА иттилоъ додааст. Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ имрӯз зимни суханони худ дар Лубнон гуфт, ки Башор Асад бояд “ба куштори мардуми худ хотима диҳад”. Вай гуфт, ки саркӯбиҳо роҳест, ки ҳали масъаларо ба бунбаст мебарад ва таъкид кард, ки давраи режимҳои худкома ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG