Пайвандҳои дастрасӣ

Дастгоҳи нокоми таҳқиқотии Русия ба замин бармегардад


Дастгоҳи Фобос-Грунти Русия, ки барои гирифтани моддаҳои сатҳи Миррих ба ин сайёра фиристода шуда буд, баъд аз нокомӣ бозгашт ба сайёраи Заминро шурӯъ кардааст. Қарор буд ин дастгоҳи 165 миллион долларӣ 2,5 сол дар Миррих таҳқиқотро идома диҳад. Ожонси фазонавардии Русия бо номи Роскосмос мегӯяд, интизор меравад, ки имшаб пораҳои Фобос-Грунт ба Замин афтад. Ин дастгоҳ ё мошин, ки 13 тон вазн дорад, бузургтарин дастгоҳе хоҳад буд, ки ба таври идоранашаванда дар солҳои ахир аз фазои кайҳон ба замин меафтад. Аммо мақомоти ҳавонавардиии Русия ва Амрико мегӯянд, ки аксари қисмҳои ин мошин ҳангоми вуруд ба мадори Замин месӯзанд ва нобуд мешаванд ва қисмҳои боқимонда хатаре нахоҳанд дошт, зеро онҳо ба оби уқёнус меафтанд.
XS
SM
MD
LG