Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чунин ба назар мерасад, ки пас аз ин интихобот анъанаи яккаҳизбӣ дар порлумони ин кишвар ба поён мерасад.

Дар интихоботи пеш аз мӯҳлати порлумонии Қазоқистон 7 ҳизб, аз ҷумла ҳизби ҳокими "Нур Отан" ширкат доранд.

Коршиносон мегӯянд, ҳизби ҳоким агар 7 дарсади раъйи меъёри роҳ ёфтан ба порлумонро ба даст наорад, боз ҳам аксарияти курсиҳоро дар порлумон соҳибӣ хоҳад кард.

Тибқи қонуни интихоботи Қазоқистон барои роҳ ёфтан ба маҷлиси поёнии порлумони ин кишвар ҳар ҳизб бояд 7 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст орад. Ин тағйирот дар қонун пас аз нооромиҳои моҳи ахири Жанаозен ворид шуд. Дар давоми ду даҳсолаи ҳокимияти худкомаи Нурсултон Назарбоев дар ғарби ин кишвари дорои захоири ғании нафту газ бори нахуст нооромии маргбор рух дод.

Дар ҷараёни ин интихобот мардуми қазоқ ҳамчунин мақомоти ҳокимиятҳои маҳаллиро интихоб мекунанд. Шахсоне, ки намояндаи шӯроҳои маҳаллӣ интихоб мешаванд, дар интихоби намояндагони маҷлиси болоии порлумон ё Сенат кӯмак хоҳанд кард.

Нурсултон Назарбоеви 71-сола дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ дар Остона, пойтахти нави Қазоқистон, ҳангоми андохтани баргаи раъй ба қуттӣ раъйдиҳии имрӯзро “имтиҳони бузург” арзёбӣ кард. “Бовар дорам, ки мисли ҳамеша мардуми Қазоқистон барои суботи кишвари мо, барои оромии кишвари мо ва ҳамчунин барои пешрафту беҳбудии ҳамаи қазоқҳо раъй медиҳанд. Мо ҳамаи тадбирҳои заруриро анҷом додаем, то фазои бози интихоботи одилонаро фароҳам орем”,-гуфт ӯ.

Дар навори зер: Ҷараёни раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Қазоқистон


Мунаққидон мегӯянд, ин интихобот дар низоми порлумонии Қазоқистон тағйироти хеле ночиз хоҳад овард. Ҳизбе, ки интизор меравад, дар ин интихобот мақоми дуввумро ба даст орад, ҳизби “Оқ-Жол” мебошад. Ин ҳизб ҷонибдори гурӯҳи тоҷирон ё соҳибкорон аст ва сарпарастии онро яке аз аъзои пешини ҳизби ҳоким, яъне ҳизби “Нур Отан” бар ӯҳда дорад.

Венера Попова, як сокини Жанаозен

Венера Попова, як сокини Жанаозен

Бино ба гузоришҳо, ҷараёни раъйдиҳӣ дар Жаноазен -- маркази нооромиҳои маргбори ахир ором будааст. Яке аз сокинони ин шаҳрак ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ин шаҳр пур аз кормандони пулиси зидди тазоҳурот ва мардони мусаллаҳ аст, ки ҳавзаҳо ва қитъаҳои райдиҳиро зери контрол гирифтаанд.

Хабаргузории “Интерфакс”-и Русия аз нахустин нақзи қонунҳои интихоботӣ гузориш додааст. Масалан, баъзе аз фаъолон хабар додаанд, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ афроди бегона ҳузур доштаанд. Гузашта аз ин, ба рӯзноманигорони мустақил иҷоза нашудааст, ки барои пӯшиш додани ҷараёни раъйдиҳӣ дар матбуот ба Жанаозен раванд.

Илова ба ин, дар рӯзи интихоботи порлумонии Қазоқистон бузургтарин масҷиди ҷомеъ бо номи "Ҳазрат Султон дар Остона оташ гирифтааст. Сохтмони ин масҷид моҳи октябри соли 2010 оғоз ёфта, тақрибан дар ҳоли анҷомёбӣ буд.

Моҳи декабри соли гузаштаи 2011 Нурсултон Назарбоев бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин масҷид ошно шуда ва онро бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ номида буд. То ҳол иллати сӯхтор ва хисорот ё зарари воридшуда дақиқ нашудааст.

Навор аз Ютюб: Сӯхтори масҷиди "Ҳазрат Султон" дар Остона

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG