Пайвандҳои дастрасӣ

Аз киштии сайёҳии Италия се нафар ба ҳалокат расиданд


Киштии Costa Concordia баъд аз нишастан ба гил

Киштии Costa Concordia баъд аз нишастан ба гил

Бино ба хабарҳои тоза, баъд аз ба гил нишастани як киштии сайёҳии италиявӣ, ки дар он 4000 нафар сайёҳ нишаста буданд, 3 нафар ҷон бохтаанд ва тақрибан 50 нафари дигар то ҳол бедарак мебошанд. Ин киштӣ дар обҳои атрофи Италияи шино мекард. Киштии мазкур бо номи Costa Concordia шоми рӯзи ҷумъа дар наздикии ҷазираи Ҷиглио дар наздикии соҳил ба гил бархӯрд. Ширкати сайёҳии Коста Круиз, ки ин киштӣ дар ихтиёраш қарор дорад гуфт, ки 3 200 нафар сайёҳон ва 1000 нафар кормандони киштӣ наҷот дода ва бо қоиқҳо ба соҳил интиқол дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG