Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осори Ширин Нишот. Аз "баҳори араб" то "Ватанпарастон"


Намоиши Ширин Нишот дар Дубай (Акс аз бойгонӣ)

Намоиши Ширин Нишот дар Дубай (Акс аз бойгонӣ)

Дар яке аз намоишгоҳҳои шаҳри Ню-Йорк осори Ширин Нишот- наққоши эронитабори амрикоӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар осори намоишии Ширин аслан мавзӯъҳои Эрон ва рӯйдодҳоии муҳими ҷаҳон мунъакис шудаанд. Ширин Нишот дар маросими гушоиши ин намоишгоҳи нави гуфт, вай аз рӯйдодҳои “Баҳори Араб” илҳом гирифтааст ва як силсила аксҳову наққошиҳояш ба ин мавзӯъ ихтисос дорад.

Вай ҳамчунин дар бораи сонсурҳои ҳукумат филмеро рӯи навор овардааст ва он бахше аз корҳои сиёсиаш дониста мешавад, ки рӯйдодҳои кунунӣ ва вазъ дар меҳани аҷдодиашро дар бар мегирад. Мизбонии ин осори наққошиву аккосиро дар Ню-Йорк, Gladstone Gallery бар ӯҳда дорад.

Ширин Нишот, наққоши эронии муқими Амрико

Ширин Нишот, наққоши эронии муқими Амрико

Хонум Нишот дар бораи мавзӯи осораш гуфт, вай аз диди худаш ба рӯйдодҳои ахири ҷаҳони Араб нигоҳ кардаст, рӯйдодҳое, ки акнун бо номи “Баҳори Араб” машҳуранд ва соли гузашта Ховари Миёнаву Африқои Шимолиро фаро гирифтанд. Хонум Нишот афзуд: “Ин рамзист ва ман фикр мекунам, ки ин кори мустақими сиёсии ман аст, ки то ҳол ман анҷом додаам”.

Мавзӯи ин осор ба таври возеҳ “Баҳори Араб”-ро фаро мегирад ва ба раванди сиёсии Эрон низ тааллуқ дорад.

Осори аккосӣ ба се мавзӯъ -- “Мардум”, “Ватанпарастон” ва “Нобакорон” тақсим шудааст. Ин мавзӯъҳо дар маҷмӯъ “Шоҳнома” ном гирифтааст ва он ишорае ба “Шоҳнома”-и Фирдавист.

Дар бахши “Мардум” ё “Тӯдаҳо” ононе тасвир шудаанд, ки ҳангоми саркӯбии тазоҳуроти эътирозии мардум осеб дидаанд. Дар чунин осор умеду навмедӣ ё андӯҳу нигарониҳои мардум тасвир шудааст.

Дар бахши “Ватанпараст” чеҳраҳое тасвир шудаанд, ки ба унвони нишонае аз садоқат ба ватан даст ба боло бардоштаанд. Онҳо тарс надоранд, ифтихор аз Ватан мекунанд ва ӯҳдадор ба назар мерасанд.

Аз осори Ширин Нишот

Аз осори Ширин Нишот

Дар бахши “Нобакорон”, масалан акси се мард оварда шудааст, ки бо пои бараҳна даст ба пушт ё даст ба пеш ​истодаанд, вале аз чеҳраҳои онҳо дида мешавад, ки ҳеҷ гуноҳ надоранд ва ҳушёриро аз даст надодаанд.

Симои қаҳрамонҳои осори Ширин Нишотро метавон дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва осори баъзе аз адибони муосири Эрон низ мушоҳида кард.

Нишот соли 1974 Эронро тарк кард ва дар Амрико дар бахши наққошӣ таҳсил кард. Вай аз он замон то ҳол дар ҷаҳон ба унвони наққош ва филмбардор шӯҳрат пайдо кардааст. Мавзӯъҳои аслии вай то ин вақт ислом ва нақши зан дар ҷомеа будааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG