Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати "Мовароуннаҳр" иттиҳомотро рад мекунад


Ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, далоили Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи моли худ кардани маблағҳои ин шикат аз сӯи Ҷӯрабек Охунов -раиси ин ширкат появу асос надоранд. Қаблан Додситонии кулии Тоҷикистон эълон кард, ки бар зидди Ҷӯрабек Охунов ду парвандаи дигар боз кардааст ва вай барои аз худ кардани маблағҳои гирифтааш аз бонкҳои байналмиллалӣ гунаҳгор дониста мешавад. Аммо дар нишасти хабарии худ намоянадгони ширкати Мовароуннаҳр бо такя ба санадҳои дар ихтиёрдошта ин иддаои додситониро рад кардаанд. Пас аз боздошти Ҷурабек Охунов дар соли 2010 акнун вай як солу ду моҳ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад ва баҳсҳо дар атрофи парвандаи вай ҳамчунон идома дорад.
XS
SM
MD
LG