Пайвандҳои дастрасӣ

Русия гуфт, парвандаи Ҳукумов бо халабонҳо иртибот надорад


Вазорати корҳои хориҷаи Русия изҳор доштааст, ки раҳоии Рустам Ҳукумов-шаҳрванди Тоҷикистон бо парвандаи ду халабони ширкати русии мавсум ба “Ролкан Инвестмент” иртибот надорад. Рустам Ҳукумов дар соли 2010 бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир аз сӯи додгоҳи шаҳри Шёлковои вилояти Маскав ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуд. Баъди судури ҳукми зиндони ду халабони ширкати “Ролкан” Владимир Садовничий ва Алексей Руденко аз сӯи додгоҳи Қӯрғонтеппа, матбуоти Русия ҳадс мезад, ки Душанбе шояд мехоҳад бо чунин роҳ ба раҳоии Рустам Ҳукумов ноил шавад.
XS
SM
MD
LG