Пайвандҳои дастрасӣ

Саломатии рӯзноманигори тоҷик рӯ ба беҳбудист


Додоҷон Атовуллоев

Додоҷон Атовуллоев

То ҳол мақомоти интизомии Русия дар бораи ҷузъиёти ҳамла ба Додоҷон Атовуллоев-рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар Маскав хабаре пахш накардаанд. Вале расидагӣ ба ҳодиса идома дорад. Доро Забеҳов-хешованди наздики рӯзноманигор аз бемористони Склифосолскии шаҳри Маскав ба радиои Озодӣ гуфт, ҳоло Атовуллоев ба гап даромадааст ва саломатиаш рӯ ба беҳбудист.

“Аз дирӯз то имрӯз саломатии эшон хеле хубтар шудааст, беҳбудӣ ҳаст, ҷои хавотирӣ нест. Ҷарроҳиро хуб гузарониданд ва саломатиашон беҳтар мешавад”.

Сӯиқасд ба ҷони Додҷон Атовуллоев шоми рӯзи панҷшанбе дар тарабхонаи итолёвии “Виадҷио” рӯх дод. Ба иттилои пайвандони Додоҷон Атовуллоев, ки Радиои Озодӣ бо онҳо дар тамос шуд, як марди номаълум ба қафаси синаи ӯ ду корд задааст. Пизишкон баъд аз ҷарроҳӣ гуфтанд, корд ба ҷигар ва шуши Додоҷон расидааст, вале ҳоло хатар паси сар шудааст.
XS
SM
MD
LG