Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи кушташудагони Басраи Ироқ ба 50 нафар расид


Бино ба ахирин хабарҳои расида, то ин лаҳзаҳо шумораи кушташудагон дар инфиҷори шаҳри Басраи Ироқ ба 50 нафар расидааст. Бино ба хабарҳо, бамгузори интиҳорӣ дар либоси пулис ба зоирини шиа наздик шудааст ва бамеро мунфаҷир сохтааст. Доктор Риёд Абдуламир-раиси Маркази беҳдоштии Басра гуфт, шифохонаҳои ин шаҳр таъйид кардаанд, ки онҳо ҷасади 50 нафарро қабул кардаанд.100 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд ва муолиҷа мегиранд. Пулис мегӯяд, бамгузор дар тан либоси пулис доштааст ва дар сари сина нишони корманди пулисро ҳам зада будааст ва бад-ин тариқ аз посгоҳ гузаштааст ва худро ба маҳалле расондааст, ки зоирини шиа поёни иди Арбаинро мунтазир буданд.
XS
SM
MD
LG