Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкили оғози кори шабакаи ТВ форсизабон ҳал нашудааст


Бо гузашти панҷ сол аз тасмим дар бораи гушоиши як шабакаи телевизионӣ ба забони форсӣ то ҳол мақомоти расмии Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар бораи оғози кори ин шабака ба созиш нарасидаанд. 13 январ Асадулло Раҳмонов-раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар нишасти хабарие дар Душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, вай наметавонад пешбинӣ кунад, ки кори ин шабака кай оғоз хоҳад шуд. Соли 2006 руасои ҷамоҳири Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар бораи ташкили шабакаи телевизионии ҳамзабонон ба тавофуқ расида буданд. Сипас дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷаи ин се кишвар низ тасмим гирифта шуд, ки ин шабакаи телевизионӣ дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ кунад ва маркази он низ дар шаҳри Душанбе хоҳад буд. Эрон ҳамаи таҷҳизоти зарурии пахши барномаҳои телевизиониро харидорӣ кардааст, вале оқои Раҳмонов гуфтааст, ки барои оғози кор бояд баъзе масъалаҳои хурду реза ҳал шавад.
XS
SM
MD
LG