Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА аз поин рафтани сатҳи қарзаи Standard & Poor интиқод кард


Мақомоти расмии иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо аз тасмими Standard & Poorбарои поин бурдани сатҳи қарзаи 9 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо интиқод карданд. Олӣ Реҳн-кумисари иқтисодии Аврупо гуфт, ки ин иқдом “ғайри қобили қабул” аст, зеро кишварҳои қаламрави истифодаи пули евро талош доранд, бӯҳрони қарзро рафъ созанд. Дирӯз поин рафтани сатҳи қарзаи Standard & Poor дар Қибрису Италия, Португалияву Испания ва дар Австрияву Фаронса, Малтаву Словакия ва дар Словения мушоҳида шуд.
XS
SM
MD
LG