Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳамла ба шиаҳои Ироқ 15 нафар кушта шудаанд


Хабаргузориҳои ғарбӣ аз қавли пулиси шаҳри Басраи Ироқ иттилоъ додаанд, ки як бамгузори интиҳорӣ дар либоси пулис дар миёни зоирини шиа бамеро мунфаҷир сохтааст ва дар он 15 нафар кушта шудаанд. Пулис мегӯяд, бамгузор дар тан либоси пулис доштааст ва дар сари сина нишони корманди пулисро ҳам зада будааст ва бад-ин тариқ аз посгоҳ гузаштааст ва худро ба маҳалле расондааст, ки зоирини шиа поёни иди Арбаинро мунтазир буданд. Ба гуфтаи пулис, 11 нафари кушташудагон кормандони пулис будаанд. 40 нафари дигар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG