Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 27 нафар дар таркишҳои Каркук


Мақомоти амниятии Ироқ мегӯянд, рӯзи ҷумъа бар асари ду таркиши бомб дар Каркук дастикам 27 нафар кушта шуданд. Бомби аввал дар наздикии манзили як мақоми аршади пулис рух дода, инфиҷори дуввум манзили як раҳбари дигари пулиси Каркукро ба ҳадаф дошт. Дар ин таркишҳо 5 пулис низ ҷароҳат бардоштаанд. Рӯзи ҷумъа, ҳамин тавр, дар як даргирӣ дар Мувсил 3 чирикӣ, аз ҷумла як ҷангии хориҷӣ, кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG