Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Плугару бояд аз лӯлиҳои Молдова узр бипурсад


Анатол Плугару
Анатол Плугару
Як мақоми дар гузашта аршади давлати Молдова дар баёнҳои нажодгароёна алайҳи лӯлиҳо муҷрим шинохта шуд ва бояд акнун аз ин ақалияти қавмӣ узр бихоҳад. Додгоҳи Кишинёв гуфт, раҳбари пешини хадамоти иктишофии Молдова Анатол Плугару лӯлиҳоро таҳқир кардааст. Ӯ ду сол пеш гуфта буд, ки лӯлиҳо “бештар машғули зодани тифлони наванд, то ба як бор шустани атфоле ки алакай доранд.” Плугаруи 60-сола мукаллаф шуд, ки дар як нишасти хабарӣ аз лӯлиҳо расман маъзарат бипурсад. Худи ӯ мегӯяд, ки “шӯхӣ” карда буд. Шумори расмии лӯлиҳои Молдова то 12 000 нафар баровард мешавад, вале фаъолони ҳуқуқ теъдоди лӯлиҳо дар ин кишвари пасошӯравиро то 200 000 нафар рақам мезананд.
XS
SM
MD
LG