Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ситоди М.Прохоров 2 миллион имзо ҷамъ овардааст


Ситоди миллиардери рус Михаил Прохоров гуфт, алакай 2 миллион имзои лозим барои сабти номзадии ӯ ба интихоботи моҳи марти раёсатҷумҳурии Русияро ҷамъ овардааст. Сухангӯи ситод Олга Стукалова гуфт, ин имзоҳо ғолибан рӯзи сешанбе ба Куммиссиюни марказии интихобот ироа хоҳанд шуд. Мунтақидон мегӯянд, Прохоров ҳамчун номзади наздик ба Кремл ба хотири ҷазби мухолифини сарвазир Владимир Путин ба интихобот меравад. Аммо ӯ исрор меварзад, ки аз касе вобаста нест. Путин мехоҳад дар интихоботи моҳи март ба давраи севуми раёсат бар Русия даст биёбад.
XS
SM
MD
LG