Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирии пулис бо эътирозгарон дар ҷануби Яман


Дар ҷараёни даргирии пулис бо ҷудоиталабон дар шаҳри бандарии Адан дар ҷануби Яман дастикам 2 нафар кушта ва беш аз 10 тани дигар захмӣ шудаанд. Шоҳидон мегӯянд, пулис болои ҳазорон тазоҳургаре, ки алайҳи тарҳи сулҳи кишварҳои халиҷи Форс ва додани ҳаққи масуният ба раиси ин ҷумҳурӣ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ баъд аз тарки мақом эътироз мекарданд, аз газу силоҳи ҷангӣ истифода бурд. Алайҳи додани масуният ба Солеҳ ҳазорони дигар дар пойтахт –Санъо низ тазоҳурот карданд. Солеҳ, ки 33 сол боз бар ин фақиртарин кишвари арабӣ ҳукм меронд, баъди қариб як соли эътирозҳо розӣ шуд, ки дар ивази масуният аз таъқиб канор биравад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG