Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули худро куҷо нигоҳ медоред? Дар бонк ё зери болин?


Бино бар хабарҳо эътимоди шаҳрвандони Тоҷикистон ба бонкҳо дар як соои гузаша бештар шудааст.

Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, пасандози бонкҳо дар соли гузашта 28 дарсад зиёдтар ва саҳми пули аҳолӣ дар он зиёда аз нисфро ташкил дод. Ҳоло шаҳрвандон 2 миллиарду 188 миллион сомонӣ пули худро дар бонкҳо нигаҳдорӣ мекунанд.

Аммо иқтисодшиносон мегӯянд, ин адад ба маротиб бештар буда метавонист, агар мардуми зиёдтаре ба бонкҳо ва бонкдорон бовар медошт. Дар як соли гузашта шикоятҳо аз дарсади номуносиби баҳра ё сарбахши пасандозҳо, дар вақташ пул гирифта натавонистан аз бонкҳо, камбуди доллар ва аз кор афтодани банкоматҳо низ зиёд буданд.

Бархе аз сабабҳои эътимоди кам ба бонкҳо ё бовари комил ба онҳоро дар ин видео бубинед:

Шумо ба бонкҳои Тоҷикистон бовар доред?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00
Линки мустақим


Дар Тоҷикистон як бонки давлатӣ, 9 бонки саҳҳомӣ ва 5 бонки хориҷӣ фаъолият доранд. Ба бархе аз онҳо шаҳрвандон бовари қавӣ доранд, аммо бархи дигар натавонистаанд, эътимоди мардумро ба даст оранд. Шумо пули худро дар кадом бонк нигаҳдорӣ мекунед? Ба кадом бонк бештар ва ба кадоме камтар бовар доред ва чаро? Андешаҳои худро бинависед ва ба ҳамдиёрони худ дар ҳувайдо кардани вазъи кори бонко ёрӣ расонед. Интизори назарҳоем.
XS
SM
MD
LG