Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кушта шудани як эътирозгар дар Саудия


Фаъолони саудӣ мегӯянд, рӯзи ҷумъа дар ҷараёни даргирии нирӯҳои амниятӣ бо эътирозгарони шиъа дар вилояти нафхези шарқӣ як тан кушта ва сеи дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи фаъолон ва шоҳидон, нирӯҳои амниятӣ дар рустои Авомияи вилояти Қатиф алайҳи эътирозгароне, ки ба сӯи як мошини ин нирӯҳо санг андохтанд, аз силоҳи ҷангӣ кор бурдаанд. Нирӯҳои амниятӣ ин русторо дар пайи даргирӣ муҳосира гирифтаанд. Мақомот қазияро шарҳ намедиҳанд. Задухӯрди ахир дар пайи раҳпаймоиҳо дар 4 рустои вилояти Қатиф бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ, ислоҳот ва хатми табъизи мазҳабӣ” дар ин кишвари мазҳаби расмиаш Исломи суннист.
XS
SM
MD
LG