Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маскав режими Асадро "омили субот" номид


Геннадий Гатилов

Геннадий Гатилов

Русия гуфт, давлати Башор Асадро “як омили субот дар Сурия ” мебинад, ки метавонад имкони ҳалли сулҳомези буҳрони сиёсӣ дар ин кишвари арабиро фароҳам созад. Муовини вазири хориҷаи Русия Геннадий Гатилов бархӯрди Ғарб ба режими Асадро “комилан дигар” номид ва гуфт, “ҳадафи онҳо сароҳатан сарнагун кардани режими Асад дар Димишқ аст.” Русия мехоҳад, ки дар баробари давлат мухолифинаш низ барои хушунатҳо маҳкум шаванд. Ба ҳисоби СММ, тайи 10 моҳи ошӯбҳои Сурия беш аз 5000 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG