Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ мегӯяд, нигарони ояндаи худ нест


Осифалӣ Зардорӣ
Осифалӣ Зардорӣ
Раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ гуфт, нигарони ояндаи сиёсии худ ва ташдиди моҷарои байни давлати мулкӣ ва нухбагони низомии пурнуфузи ин кишвар нест. Сухангӯи Зардорӣ Фарҳатуллоҳ Бобур гуфт, ки рӯзи ҷумъа аз сафари Дубай, ки мояи гумонҳо дар бораи ба тарки мақом маҷбур кардани ӯ шуд, баргашт. Бобур гуфт, Зардорӣ, ки таҳти фишори низомиҳо қарор дорад, барои ширкат дар як арӯсӣ ба Дубай рафта буд. Ин сафари якрӯза дар ҳолест, ки таниш байни раҳбарони мулкиву низомии Покистон дар мавриди нақши давлат дар ирсоли номаи мармуз бо дархости кумаки Амрико барои коҳиш додани нуфузи низомиҳо тундтар мешавад.
XS
SM
MD
LG